Талошҳо барои берункашии киштии ғарқшуда дар обҳои дарёи Волга

Гурӯҳҳои наҷотбахши Русия ҳамоно талош доранд киштии дар обҳои Волга ғарқшударо берун кашанд. Дар як ҳодисаи ҳафтаи гузашта киштии сайёҳие, ки 200 мусофир, аз ҷумла кӯдакони зиёдро рӯи обҳои Волга интиқол медод, ғарқ шуд. Дар паи ин ҳодиса, 114 ҷасад берун кашида шуда, ҳамоно 15 тани дигар беному нишон маҳсуб мешавад. Дар ин ҳодиса 79 нафар ҷон ба саломат бурданд. Нахуствазир Владимир Путин нодида гирифта шудани талаботи бехатарӣ ва бемасъулиятии ширкатҳои ҷаҳонгардиро гунаҳгор донист.