Ҳавои асосан софи Тоҷикистон дар рӯзи 18 июл

Ҳавошиносон барои имрӯз,18 июл, дар Тоҷикистон асосан ҳавои софу беғубор, вале дар Хуҷанду Ғарм ҳавои камабр ва дар Хоруғ ҳатто рехтани боронро пешбинӣ мекунанд. Интизор меравад, ҳарорат имрӯз дар Хуҷанд 34, дар Душанбеву Кӯлоб – то 35 ва дар Қӯрғонтеппа то 37 дараҷа гарм шавад. Дар манотиқи кӯҳистонӣ ҳаво каме мулоимтар буда, барои Ғарм имрӯз то 22 дараҷа ва дар Хоруғ ҳамагӣ 17 дараҷа ҳавои гарм дар назар дошта шудааст.