Бомиён таҳти назорати нерӯҳои афғон қарор мегирад

Дар Афғонистон раванди аз НАТО ба ихтиёри нерӯҳои маҳаллӣ гузоштани назорати амнияти бархе манотиқ шурӯъ шуд.

Тибқи тарҳи таҳиякардаи раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай даставвал таъмини амнияти вилояти Бомиён, воқеъ дар маркази кишвар, ба ӯҳдаи нерӯҳои афғон воргузор мешавад. Ба ин муносибат мақомоти Афғонистон, сафирони хориҷӣ ва низомиёни баландпояи хориҷиву афғон дар як маросим дар Бомиён ҷамъ омаданд.

Қарор аст, ки баъдан таъмини амният дар шаҳрҳои Кобул, Панҷшер, Хирот, Мазори Шариф, Муҳтарлам ва Лашкаргоҳ низ ба нерӯҳои маҳаллӣ интиқол дода шавад.