"Булгария" аз қаъри Волга берун бароварда мешавад

Дар Тотористон мутахассисон ба амалиёти аз қаъри рӯдхонаи Волга берун кардани киштии «Булгария», ки рӯзи 10 июл ғарқ шуда буд, омодагӣ мегиранд.

Ба иттилоъи вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, ба ҷойи ҳодиса аллакай ду крани махсус интиқол дода шудааст. Бар пояи иттилоъи пешакӣ, амалиёти аз қаъри дарё баровардани киштӣ рӯзи якшанбе шурӯъ шуда, тақрибан як шабонарӯз идома хоҳад кард.

Аз ин пеш хабар расид, ки ғаввосон тафтиши киштиро анҷом доданд. 15 нафар аз мусофирони киштии «Булгария» то ҳанӯз беному нишонанд. Ҳалокати 114 нафар расман тайид шудааст, ки беш аз нисфи онҳо занон ва 28 нафар кӯдакону наврасонанд.