Ду тан аз кормандони аршади империяи расонаии Руперт Мёрдок – Ребека Брукс, раиси бахши бритониёвии ширкати News Corporation ва Лес Хинтон, раиси хадамоти иттилоъи молиявии Dow Jones, ки, аз ҷумла, масъули нашри рӯзномаи Wall Street Journal аст, дар бораи истеъфои худ хабар доданд.
Истеъфои онҳо бо моҷарои марбут ба ғайриқонунӣ гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонии бритониёвиҳо ва амрикоиҳо аз сӯи хабарнигорони нашрияҳои Руперт Мёрдок бастагӣ дорад.
Қарор аст, худи Мёрдок имрӯз аз тариқи матбуоти Бритониё аз ҳамаи онҳое, ки аз аъмоли кормандони расонаҳояш осеб дидаанд, расман узрхоҳӣ кунад.