Оғози гирдиҳамоиҳои нави эътирозӣ дар Миср

Ҳазорон нафар аз мӯътаризон дар чанд шаҳри Миср ба майдонҳо рехтанд, то аз ҳукумати ҳарбиён баргузори зудтари муҳокимаи президенти пешин Ҳуснӣ Муборакро дар додгоҳ талаб кунанд. Қаблан ҳарбиён ваъда дода буданд, ки муҳокима дар кӯтоҳтарин фурсат ҷараён хоҳад гирифт. Тазоҳуроти асосӣ дар майдони Таҳрири Қоҳира баргузор шуда, гурӯҳҳое инчунин дар Искандария ва Суетс ҷамъ омаданд. Созмоне ба номи Эътилофи ҷавонони инқилобӣ аз мисриён даъват кард, ба тазоҳуроти мавсум ба “Ҷумъаи охирин ҳушдор” бипайванданд. Шӯрои олии нерӯҳои мусаллаҳи Миср, ки дар моҳи феврали соли равон ба дунболи истеъфои Муборак қудратро ба даст гирифт, мавриди эътимоди мӯътаризон буд, вале ҳоло ба пуштибонӣ аз Муборак айбдор мешавад.