Андрей Абдувалиев - беҳтарин мураббии Осиё

Андрей Абдувалиев беҳтариy мураббии варзиши сабуки қораи Осиё эътироф шудааст. Ин варзишгари зодаи Тоҷикистон, ки феълан дар Узбакистон ба сар мебарад ва сармураббии тими миллии варзиши сабуки он кишвар аст, ҷоизаи «Мураббии беҳтарини Осиё»-ро дар анҷумани Иттиҳодияи варзиши сабуки ин қора дар шаҳри Кобеи Ҷопон дарёфт кард. Андрей Абдувалиев соли 1992 дар Бозиҳои олимпии Барселона дар гурзандозӣ қаҳрамони олимпӣ шуда буд. Ӯ охирин чемпиони олимпӣ аз Тоҷикистон аст.