Вокунишҳои ҷаҳонӣ ба се инфиҷори маргбор дар Ҳиндустон

Маҳалли инфиҷор, Мумбай. 13-уми июли соли 2011

Дар шаҳри Мумбай, ки маркази тиҷоратии Ҳиндустон ба шумор меояд, ҳамзамон се инфиҷор рух дод.
Дар ин инфиҷорҳо 21 нафар кушта ва беш аз 140 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Мақомоти расмии Ҳиндустон ин инфиҷорҳоро ҳамлаи террористӣ арзёбӣ карданд.
Ин инфиҷорҳо баъд аз чанд моҳи азсаргирии музокироти сулҳи миёни Ҳиндустону Покистон рух дод...


Паланиаппан Чидамбарам, вазири умури дохилии Ҳиндустон, ин инфиҷорҳоро “ҳамлаи ҳамоҳангшудаи террористҳо” хонд. Пас аз ин инфиҷорҳо, ҷасадҳои оғуштаи хун дар хиёбонҳо мехобиданд ва раҳгузарон ба чунин вазъ ашк мерехтанд.

Аруп Патнайк, як масъули пулиси Мумбай ба рӯзноманигорон гуфт: "Бо дидани чунин ҳол маълум аст, ки ин ба амалиёти террористӣ иртибот дорад."

СЕ ИНФИҶОР ДАР СЕ МАҲАЛЛА


Ба гуфтаи пулис, инфиҷори аввал дар бозори таъмирдидаи ҷавоҳирот соати 6:54 дақиқаи бегоҳирӯзӣ рух додааст. Пас аз як дақиқа дар назди Хонаи Опера, ки маҳалли пуродам аст, садои инфиҷори дуввум баланд мешавад. Баъд аз даҳ дақиқаи дигар дар маҳаллаи Дадари қисмати марказии шаҳр инфиҷори севвум рух додааст.

Як шоҳиди айнӣ дар маҳалли инфиҷори аввал ба телевизиони Ҳиндустон гуфт, вай дидааст, ки ду мототсикл чӣ тарз оташ гирифта ва шаш тан кушта шудаанд. Шабакаҳои телевизионӣ саҳнаҳоеро, ки шоҳидон бо телефонҳои ҳамроҳ ба навор бардоштаанд, намоиш доданд. Дар ин наворҳо дида мешавад, ки ҷасадҳо дар хиёбон хобидаанд ё чӣ гуна мардуми маҷрӯҳ фарёд мекашанд ва кӯмак мехоҳанд.

ҲОДИСАИ МАЪЮСКУНАНДА

Манмуҳон Сингҳ, нахуствазири Ҳиндустон аз сокинон хост, ки ором ва муттаҳид бошанд.

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид инфиҷорҳо дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустонро маҳкум кард. Дар Вашингтон Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, ин ҳодисаҳоро маъюскунанда номид ва гуфт, ки Амрико барои ба муҷозот кашонидани дастандаркорони ин ҳодисаи фоҷиаангез кӯмак мекунад.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, пас аз мулоқоташ бо Ҳилларӣ Клинтон дар Вазорати умури хориҷаи Амрико ин аъмолро маҳкум кард ва гуфт, ки мардуми Русия бо ҳукумати Ҳинд ва мардуми ин кишвар ҳамраъй ҳастанд.

ДАСТДАРОЗӢ БА ИСТИҚЛОЛИ ҲИНДУСТОН?

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико бо такя ба изҳороти раисиҷумҳури ин кишвар чунин гуфт: "Мо ин аъмоли манҳусро, ки ҳадафаш ба вуҷуд овардани фазои тарсу ҳарос ва тафриқа аст, маҳкум мекунем. Ононе, ки даст ба ин амал задаанд, ба мақсад намерасанд."

Притвираҷ Чаван, нахуствазири иёлати Маҳараштра ин ҳамлаҳоро “дастдарозӣ ба истиқлоли Ҳиндустон” арзёбӣ кард. Ин инфиҷорҳо баъд аз чанд моҳи азсаргирии музокироти сулҳи миёни Ҳиндустону Покистон рух дод.

Дар ин музокирот Ҳиндустон Покистонро барои ҳамлаҳои террористии соли 2008 дар Мумбай муттаҳам кард. Дар ҳамлаҳои террористии соли 2008 166 нафар кушта шуда буданд ва баъд аз он муносиботи миёни ду кишвар сард шуд.