Мулоқоти раҳбарони низомии Покистон бо намояндаи Амрико

Генерал Ҷеймс Маттис

Дирӯз дар Исломобод дар сатҳи баланд тамосҳои Амрикову Покистон баргузор шуд. Ин дар ҳолест, ки Амрико пардохти як севвуми кӯмаки 2 миллиард долларӣ ба Покистонро ба таъхир андохт. Сафорати Амрико дар Исломобод гуфт, Ҷеймс Маттис-раҳбари Фармондеҳии Марказии Амрико бо генерал Ашфақ Парвиз Каёнӣ-фармондеҳи артиши Покистон ва генерал Холид Шомин Винне-раиси ситоди муштараки Покистон мулоқот анҷом додааст. Дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳои миёни низомиёни ду кишвар баррасӣ шудааст. Қаблан Покистон эълон карда буд, ки генерал Аҳмад Шуҷоъ Пошо-раиси Хадамоти кашфи миёни нируҳо ба Амрико сафар кардааст, то ҳамкориҳо дар заминаи кашфу иттилоъотро ҳамоҳанг созад.