Фаронса омода аст, як чаҳоруми нируҳои худро, ки 1000 нафарро ташкил медиҳанд, то поёни соли 2012 аз Афғонистон фаро хонад. Хабаргузории Франс Пресс навиштааст, Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса ин нуктаро дар ҷараёни боздиди рӯзи сешанбеи худ аз пойгоҳи низомиёни Фаронса дар минтақаи Сорубии Афғонистон изҳор доштааст. Низомиёни Фаронса аз соли 2001 ба ин сӯ дар таркиби нируҳои НАТО дар Афғонистон мустақаранд. Дар ин муддат 64 сарбози Фаронса кушта шудаанд.