Ҷамъиятҳои тоҷикон бо Хадамоти муҳоҷират ҳамкорӣ мекунанд

Бино ба хабарҳои матбуот, дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав намояндагони ҷамъиятҳои тоҷики муқими Русия бо Сафиаллоҳ Девонаев-раиси Хадамоти муҳоҷиратии Тоҷикистон ва Абдумаҷид Достиев-сафири Тоҷикистон дар Русия мулоқот анҷом додаанд. Дар ин мулоқот нақши ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия дар иҷрои барномаҳои Хадамоти муҳоҷиратии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ шудааст. Ҷамъиятҳои тоҷикон пешниҳод кардаанд, ки барои омода кардан ва фиристодани муҳоҷирони кории Тоҷикистон ба Русия, яъне омӯзиши забони русӣ ва амсоли он бояд як маркази воҳид ташкил шавад. Намояндагони муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия изҳори омодагӣ кардаанд, ки бо Хадамати муҳоҷиратии Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳанд кард.