Имрӯз бародари хурди президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай дар вилояти ҷанубии Қандаҳор ба қатл расид.
Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай ин хабарро тасдиқ кард.
Раёсати хадамоти амниятии Афғонистон иброз доштааст, ки бародари расиҷумҳури Афғонистонро имрӯз соати 11:30 яке аз меҳмонон, ки муҳофизи ӯ ҳам будааст, дар хонааш ба қатл расонд.
Аҳмад Валӣ Карзай, ки раҳбарии Шӯрои вилояти Қандаҳорро бар дӯш гирифта буд, яке аз мансабдорони муассири ҳукумати Афғонистон буда, дар маркази як баҳси фасод қарор дошт.
Мақомоти афғон ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки дар ин ҳамла ҳамроҳ бо бародари раисҷумҳури афғон муовини раиси Шӯрои Қандаҳор Амир Лолоӣ низ кушта шуд.
Фармондеҳи нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон Дейвид Петреус ба раҳбари Афғонистон ҳамдардӣ изҳор намуд. Толибон масъулияти ҳамларо бар ӯҳда гирифта, онро “яке аз дастовардҳои бузургтарин”-и ин ҷумбиши ифрогаро унвон додаанд.