Италия хостори ҳали сиёсии бӯҳрони Либия шуд

Франко Фраттинӣ

Бино ба гузоришҳо, Италия даъват кардааст, ки бӯҳрони Либия аз роҳҳои сиёсӣ ҳал шавад. Италия дар чунин роҳи ҳал бар ин ақида аст, ки Муаммар Қаззофӣ “саҳнаро тарк кунад”. Франко Фраттинӣ-вазири корҳои хориҷаи Италия дар мусоҳибае бо рӯзномаи “El Khabar”-и Алҷазоир ин нуктаро матраҳ кардааст. Ин мусоҳиба дар шумораи имрӯзи ин рӯзнома чоп мешавад. Бино ба хабарҳо аз Кохи Сафед, Барак Обама-раиси Ҷумҳури Амрико ба Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки аз талошҳои Русия дар мавриди расидан ба созиш дар Либия ҷонибдорӣ хоҳад кард, агар чунин талошҳо бо истеъфои Муаммар Қаззофӣ поён ёбад.