Давлати Эрон тарҳи Бонки марказӣ ҷиҳати хат задани чаҳор сифр аз пули миллии ин кишварро пазируфт. Феълан қурби як доллар беш аз 10 000 риёл ва як евро мусодиф бо 15 000 риёли эронӣ шудааст ва ҳадафи мақомот боло бурдани қурби ин пули миллист. Раиси Бонки марказии Эрон Маҳмуд Баҳманӣ гуфт, ҷузъиёти тарҳи мазкур ба зудӣ дар сомонаи ин ниҳоди молӣ нашр хоҳад шуд. Баҳманӣ афзуд, пешниҳоди табдили номи пул низ дар дасти баррасист.