Интиқоди Мемориал аз Қазоқистон барои истирдоди паноҳҷӯён

Виталий Пономарёв

Мемориал-созмони назорат бар ҳуқуқи башари Русия гуфт, истирдоди паноҳҷӯёни Узбакистон нақзи муқаррароти байналмиллалии ҳуқуқи башар ба шумор меравад. Моҳи гузашта Қазоқистон паноҳҷӯёни узбакро ба Узбакистон таслим кард. Виталий Пономарёв-масъули баномаҳои Осиёи Марказии созмони Мемориал гуфт, истирдоди 28 нафар паноҳҷӯи узбак дар 9 июн дар густараи Шӯравии пешин собиқа надоштааст. Вай гуфт, Қазоқистон бо чунин кораш на танҳо муқовиланомаи СММ ба зидди шиканҷаро нақз кард, балки аз доираи қонунҳои худ низ берун пой гузошт.