Номаи ҷолибе дар шарҳи як матлаби мо расид, ки аз дарду алам як зан ва модар хабар медиҳад. Аз нерӯ ва лаёқате, ки қадраш то ба охир шинохта нашудааст. Хуб буд, агар муаллиф номи худро менавишт ва шояд аз ин доднома натиҷаи мушаххасе ҳосил мегашт, вале ҳоло ӯ худро “Баҳор аз Бемакон” унвон додааст. Аммо агар мақомоти Тоҷикистон хостори тамос бо ӯ шаванд, бо ризоияти муаллиф емайлашро метавонем барояшон бифристем.
Хеле бодиққат шарҳҳои мақолаи ,,Се тоифаи занони тоҷик”-ро хондам ва рости гап, муаллиф мақсади асосиашро дуруст фаҳмонида натавонистааст ё баракс хонандагони гиромӣ нодуруст фаҳмидаанд, ки ин қадар баҳс дар атрофи ин мақола ҷамъ омадааст.
Ба ҳар ҳол бисёр хуб аст, ки имрӯз ҷомеа метавонад, дар ин ё он масъала озодона баёни фикр кунад. Ман ҳам занам ва аз шарҳи ҳолам ба кадом тоифаи занон дохил мешавам, худам ҳайронам, зеро аз овони кӯдакӣ бо азобу машаққат ба воя расидам, дар сини чаҳорсолагӣ аз модар маҳрум шудам ва ақлам ба сар заду аз падар маҳрум шудам, аммо сад шукри худованд, ки меҳрубон аст ва маро аз саводу ақлу хирад кам накард.
Ҳар давру замон мавқеъ ва мароми худро дорад. Он давраҳо, солҳои 1980-умро дар назар дорам, духтари тоҷик ба донишгоҳи олӣ дохил шуданаш хело душвор буд. Бар замми ин, духтари ятим ва бекасу бетағо шояд камтарин имкониятро дошт, ки аз таҳсили олӣ бархӯрдор шавад. Аммо ба ман -- як духтари деҳотӣ насиб гардид, ки бе ҳеҷ ёрие, фақат бо дониши саводи худам ба донишгоҳи олӣ, ба факултаи хукукшиносӣ дохил шавам ва онро хатм намоям. Қиссаам дароз аст ва мехоҳам кӯтоҳтар шарҳ бидиҳам, аммо шояд ба назари хонандаи азиз ноаёнтар намояд, барои ин маъзарат мепурсам.
Фаъолияти кории ман дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, бо адлу беадолатӣ, дар ҳамкорӣ бо беҳтарин занони кишвар, роҳбарони он давра гузаштааст ва аз занҳои бохираде сабақи роҳбарӣ гирифтааму ҳаргиз аз мушкилихо наҳаросидаам ва ҳама вақт паҳлу ба паҳлуи мардон кор кардаам. Ман сахтиҳои солҳои 1990-умро аз сар гузаронидаам. Барои иҷрои фармони роҳбари кишвар ман -- модари 3 фарзанд ҳадафи ҳамлаи ноҷавонмардонаи силоҳбадастон гаштаам ва он захм то ҳанӯз қалбамро азият медиҳад.
Ҳама чиз фаромӯш мешудааст. Ман як зани танҳо то имрӯз азоби фарзандонамро худам кашидаам. Барои онҳо ҳам падару ҳам модар будаму ҳастам ва солҳои тӯлонӣ ба ҳайси як зани роҳбар дар вазифаҳои баландмақоми кишвар кор кардаам. Ногуфта намонад, ки то ба ин вазифаҳо расиданам дастгирӣ ва қадршиносию рохнамоии президенти кишвар буд, ки ба ман бовар карда, ба ину он вазифаҳо таъинам кард. Бо ордену раҳматномахо сарфарозам кардаанд ва барои ин миннатдораму ба ивази ин ҷонамро то ба охир барои тинҷиву осоиштагии кишвар дареғ намедорам. Бароям оромии ин кишвар беҳтарин ва қиматтарин ганҷи рӯи олам аст.
Аммо яку якбора поён ёфтани ваколати кориам ва он ҳам дар ҳоле ки ҳанӯз солам ба 47 нарасидааст ва ҳам фаромӯш шуданам аз хотири масъулони кадрии кишвар дар ин ду соли охир маро ба андешае мебарад, ки оё ман ба кадомин тоифаи занони ҷомеа дохил мешуда бошам?
Барои як кадрро ба воя расонидан чил сол заҳмат мекашанд. Дарахтерро ба самар расонидан ва онро решакан кардан – ин як бераҳмист. Ман ба ҳамон дарахте монандам, ки солҳои дароз парвардаанду имрӯз решакан мешавад ва берун аз кишвари маҳбубам, дар хориҷа, дар давлати дигаре бемаконам ва ҳар он чӣ ки аз дастам омада истодааст, барои хонондани фарзандонам азоби ғарибӣ кашида, онҳоро нигаҳбонию парасторию парвариш мекунад.
Магар ин он матонати модар нест, ки ҳама вазниниро дида, хорӣ кашида, фарзандонашро мехононаду дар роҳи дуруст равона месозад? Ба ин арзи дилам даъвои ягон вазифаро надорам, вале аламовараш он аст, ки як потенсиали тоҷик, бар замми он зан, модар, роҳбар имрӯз берун аз ватан, аммо ба ғаму дарди он шарик аз мадди назари Абдуҷҷабор Азизов, ки ҳама вақт гиламанд аст, ки кадри ҳақиқӣ дар кишвар намерасад (чиро ва киро дар назар дошта бошад?) фаромӯш шудаам?
Ё ба қавли дигар, санги сиёҳӣ ва ё санги сафедиам то ҳануз ба он кас муайян нашуда бошад? Тоҷикистони азизи мо то ба ин муваффақиятҳои баланд расидан ин саросар хиради азалии роҳбари давлатамон аст, ки таги 19 сол боз онро роҳбарӣ дорад ва барои оромиву осудагии он заҳматҳои зиёд мекашад. Арзандатарин хизмати шоёнаш сулҳу ваҳдатро ба миён овардан аст.
Пас барои ин сулҳу ваҳдатро доимо нигоҳ доштан бояд аз баҳри як қатор роҳбарони тасодуфие, ки худашонро содиқ вонамуд мекунанд, гузашт, зеро оҳиста-оҳиста, бо мурури вақту замон онҳо ниқоб аз рӯй мекашанд ва симои воқеиашонро нишон медиханд ва маълум мешавад, ки содиқ набуданд ва нестанд. Иллати асосии аз хотири масъулони кадрҳо фаромӯш шудани ман он аст, ки мисли як зумра вазифадорон дурӯғ гуфтану зорӣ карданро пеша накардаам ва чунин хоҳам монд. Фоида ин хислат ҳам барои худам ва ҳам барои ҷомеъа зиёд аст.
Баҳор аз Бемакон