Мақомоти Туркманистон ҳалокати 15 нафарро бар асари таркиш дар шаҳри Ободон эътироф карданд. Бино ба иттилои матбуоти маҳаллӣ, дар ин бора дар гузориши комиссиюни ҳукуматӣ навишта шудааст, ки рӯзи якшанбе дар ихтиёри президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов вогузор шуд. Дар ин гузориш сухан дар борати таркиши пиротехника ё маводи оташбозӣ меравад. Манобеи мустақил ва шоҳидон дар бораи таркишҳои анбори силоҳ дар як пойгоҳи низомӣ хабар медиҳанд. Чанде пеш аз ин ҳукумати Туркманистон аз тарзи пӯшиши хабари таркиши инҳафтаина дар шаҳри Ободони наздики пойхтахт, шаҳри Ашқобод интиқод кард. Изҳороти вазорати умури хориҷаи Туркманистон ҳокист, ки иттилооти телевизионҳои русӣ дар бораи хароб шудани сохтмонҳо аз ҳақиқат дур ва воҳимаангез аст.