Афсари баландпояи ИМА мегӯяд, ки унсурҳое дар ҳукумати Покистон куштори журналисти покистониро, ки моҳи май машғули таҳқиқи кори оҷонсиҳои амниятии ин кишвар будааст, ташкил кардаанд. Адмирал Майк Муллен, раиси ситоди муштарак дар сӯҳбат бо журналистон дар Пентагон гуфт, ки “ин кушторро ҳукумат амр додааст” ва афзуд, ки ҳеҷ шаке дар заминаи огаҳии ҳукумат роҷеъ ба ин куштор надорад.
Маллен айни замон гуфт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад бигӯяд, ки чӣ бахше аз сохторҳои ҳукуматии Покистон масъули ташкили куштори Салим Шаҳзод ҳастанд. Суханҳои Маллен хашми ҳукумати Покистонро ба бор овард, ки онро чун як "изҳороти бемасъулиятона" интиқод кард.
Вазири иттилооти Покистон хонум Фирдавс Ошиқ Овон дар як нишасти матбуотӣ дар Исломобод гуфт:
“Ин комилан кори бемасъулиятона аст. Изҳороти Майк Маллен дар бораи Покистон комилан бемасъулиятона ва номуносиб аст. Ин изҳорот дар равобити миёни Покистону Амрико мушкил эҷод мекунад”.
Салим Шаҳзод, ки хабарнигори сомонаи интернетии воқеъ дар Ҳонг-Конг Asia Times Online буд, рӯзи 29 май дар Исломобод нопадид шуд ва баъди ду рӯз ҷасади ӯ бо нишонаҳои шиканҷаву озор ошкор гардид.