Гурҷистон 4 аккосро ба ҷосусӣ муттаҳам мекунад

Мақомоти Гурҷистон мегӯянд, чаҳор хабарнигори аккос бо иттиҳоми ҷосусӣ ба манфиати кишвари хориҷӣ боздошт шудаанд. Ноиби вазири умури дохилии Гурҷистон, Эка Згуладзе гуфт, зидди онҳо иттиҳомоти сангине эълон шудааст, вале аз кишвари хориҷӣ ном набурд. Маъмурони амниятии Гурҷистон дар як шаб суратгири Бунгоҳи Прессфотои Аврупо Зураб Куртсикидзе, аккоси президент Ираклий Геденизде ва ҳамсари ӯ, аккос Натия Геденидзе, аккоси мустақил Гиорги Абдаладзеро боздошт карданд. Аккоси панҷум аз хабаргузории Ассоишейтед Пресс Шах Айвазов баъд аз боздошт озод карда шуд.