Дабири кулли Созмони Милал Бан Ки-мун аз Сурия хост, дастрасии кормандони мададрасони ин созмонро ба минтақаҳои низоъ таъмин кунад. Қарор аст, бунгоҳҳои имдодии Созмони Милал ниёзҳои мардумро ба кӯмакҳои аввалия дар манотиқи саркӯби ошӯбҳои зидди ҳукумати президент Башор Асад муайян кунанд. Сурия ба ин ниҳодҳо ва ҳамчунин аксари расонаҳои озоди ахбори ом иҷозаи сафар ба манотиқи нооромро намедиҳад.