Бонки марказии Аврупо баҳраи бонкиро афзоиш дода, аз 1,25 ба 1,5 дарсад расонд ва аломат дод, ки ин афзоиш дар моҳҳои оянда бештар хоҳад шуд. Болоравии баҳра, ки аз моҳи апрел ба ин сӯ бори дувум иттифоқ меафтад, мавриди интизор буд, зеро Бонки марказии Аврупо талош дорад, аз афзоиши таваррум, ки ҳоло 2,7 дарсадро ташкил медиҳад, пешгирӣ кунад. Барномаҳои иқтисодии Аврупо мақсад доранд, таваррумро дар сатҳи поинтар аз 2 дарсад нигоҳ доранд.