Дар ҳамлае дар Покистон 10 нафар кушта шуданд

Мақомоти Покистон мегӯянд, ки дар ҳамлаи мардони мусаллаҳ ба ду автобуси мусофирбарӣ дар шаҳри бандарии Карочӣ дастикам 10 нафар кушта шудаанд. Шарофуддин Маъмун-вазири дохилӣ дар вилоят гуфтааст, дар ин ҳамла 20 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ба гуфтаи вай, ҳамлагарон билофосила аз маҳали ҳодиса фирор кардаанд ва ҳуввияти онҳо то ҳол маълум нашудааст.