Сарвазири собиқи Украина Юля Тимошенко имрӯз баъди он ки қозии мурофиаашро “ифрит”( "монстр") номид, аз толори додгоҳ берун карда шуд. Муҳокимаи парвандаи Тимошенко, ки моҳи июн оғоз ёфт, аксаран ҳамроҳ бо беназмиву ихлолкорӣ мегузарад. Раҳбари мухолифин ба сӯъиистифода аз мақом ҳангоми имзои қарордоди газ бо Русия дар соли 2009 айбдор мешавад. Тимошенко аммо ин иттиҳомотро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ хонда, радд мекунад.