Додситонии низомии Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи ҳамлаи хунини шаби 19 сентябр ба як корвони артиши ин кишвар дар дараи Камаробро амалан анҷом додааст. Ҳомидҷон Обидов, ёвари додситони кулли низомии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ба муҷарради таҳияи айбномаи ниҳоӣ ин парванда ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд. Бар асари шабехун дар Камароб дастикам 28 сарбозу афсар кушта шуданд. Мақомот гурӯҳҳои мусаллаҳи Алии Бедакӣ ва Мулло Абдуллоро масъули ин ҳамла номида, ба амалиёти саркӯбии ин гурӯҳҳои фаъол дар водии Рашт пардохтанд. Алии Бедакӣ дар моҳи январ ва Мулло Абдулло дар моҳи апрел кушта шуданд.