Таҳқиқи парвандаи ду қотили як оилаи тоҷик, аз ҷумла духтарчаи шашсола, дар шаҳри Серови вилояти Сведловски Русия ба поён расида, гумонбаршудагон дар куштор айбдор шудаанд. Ҳамзамон боздоштшудагон гуфтаанд, гӯё оилаи тоҷикон аз онҳо қарздор буд ва аз пардохти қарз сарпечӣ мекард. Шаби 10-уми июни соли равон дар бӯстонсарое зану шавҳари тоҷик ва духтарчаи онҳо кушта ва сипас оташ зада шуданд. Таҳқиқ нишон дод, ки ба ҷисми духтарча 60 дафъа кор зада шудааст. Додгоҳ ба зудӣ ба баррасии парванда шарӯъ хоҳад кард.