Муҷассамаи баҳсбарангези деҳқоне савори харароба дар шаҳри шарқии Озарбойҷон Шамаксӣ тахриб карда шуд. Полис ронандаеро боздошт кард, ки бо мошини боркаш ин муҷассамаро аз байн бурд. Дар ҳоле ки вай ҳодисаро як тасодуф меномад, нозирон мегӯянд, аҳолии маҳаллӣ амдан пайкараро тахриб карданд. Онҳо пеш аз омадани мошин девори баланди атрофи муҷассамаро бардоштаанд. Мардуми маҳаллӣ аз он норозӣ буданд, ки пайкараи харсавор ба рамзи минтақаи онҳо табдил ёфтааст. Аммо шаҳрдор Оқомӯсо Воҳидов мегӯяд, пайкараи замонии шӯравӣ ишора ба заҳматписандии аҳолии маҳаллӣ буд, ки тамоми умр ба кишоварзӣ машғуланд. Додситонӣ барои тақҳиқи ҳодиса парванда боз кардааст.