Дар Афғонистон академияи низомӣ таъсис мешавад

Дэвид Кэмерон, нахуствазири Бритониё, ваъда дод, ки ҳаҷми ёрии башарӣ ба Афғонистон афзоиш меёбад.

Баъд аз анҷоми музокирот бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар Кобул, ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигорон тайид кард, ки шурӯъ аз соли 2014 нерӯҳои бритониёвӣ дар амалиёти низомӣ ширкат нахоҳанд кард.

Нахуствазири Бритониё ҳамчунин хабар дод, ки Лондон мехоҳад дар Афғонистон академияи низомие амсоли Сандхёрстро таъсис кунад - маркази омӯзиши сарбозонеро, ки появу асоси артиши Афғонистонро ташкил хоҳанд дод. "Чанд кишвар ёрии молиявӣ ваъда кардаанд, аз ҷумла, аз ИМА 28 миллион доллар ворид хоҳад шуд" - афзуд нахуствазири Бритониё.

Имрӯз бо далелҳои амниятӣ сафари Дэвид Кэмерон ба шаҳри Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманд, лағв шуд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, рӯзи душанбе дар ин вилоят як сарбози бритониёвӣ ба таври ногаҳонӣ ғайб зад ва баъдан ҷасади тирбороншудаи ӯ ошкор гардид.

Масъулияти кушторро толибон бар дӯш гирифтанд.