Русия аз 1 июл боҷи содиротии маҳсулоти нафтиашро каме коҳиш додааст. Боҷи содиротӣ барои ҳар тонна бензин, ки то кунун 415,8 доллар буд, акнун 400,5 доллар таъйин шудааст.
Русия аз 1 май боҷи содиротии маҳсулоти нафтиашро якбора 44 дарсад боло бурд, ки боиси болиғ аз 6 сомонӣ шудани нархи ҳар литри бензин дар Тоҷикистон шуд ва ба сурати занҷираӣ ба афзоиши қимати боқии маҳсулот овард.
Бо ин ҳол, бино ба омори охирин, воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон дар 5 моҳи аввали соли ҷорӣ 11 дарсад кам шудааст, ки низ аз натоиҷи боло рафтани боҷҳои Русия дониста мешавад. Бино ба ин омор, Душанбе имсол бо сарфи 199,8 миллион доллар 215 000 тонна маводди нафтӣ ворид кардааст.