Дирӯз дар Беларус дастикам 20 тан дастгир шудаанд

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Беларус мегӯянд, пулис дар идомаи саркӯбии мухолифин дар Рӯзи истиқлоли ин кишвар шумори зиёде аз эътирозгаронро боздошт кардааст. Бино ба хабарҳо, чандин нафар рӯзи якшанбе бо ҷурми чаппакзании баланд ҳангоми суханронии раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка дастгир шуданд. Лукашенка дар паёмаш алайҳи ҳар навъ ошӯб ба зидди ҳукуматаш ҳушдор дод. Ба ҳисоби гурӯҳи «Весна», пулис дирӯз дар маҷмӯъ дар манотиқи гуногун дастикам 20 нафарро боздошт кардааст. Мақомоти Беларус ба хотири ҷилавгирӣ аз даъват ба эътирозҳо рӯзи 3 июл дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоиро дар Интернет низ маҳдуд карданд.