Вакили мудофеъи фармондеҳи собиқи нирӯҳои серби Босния Ратко Младич гуфт, муваккили ӯ мурофиаи имрӯза дар додгоҳи Ҳейгро бойкот хоҳад кард. Ин иқдом бахше аз тақозои Младич аст, ки мехоҳад аз ӯ дар ин додгоҳ вакилони мудофеъи аз сӯи худи ӯ интихобшуда намояндагӣ кунанд. Младичи 69-сола, ки дар моҳи май баъд аз 16 соли фирор дар Сербистон боздошт шуд, аз сӯи додгоҳи Ҳейг ба ҷиноёти ҷанг дар солҳои ҷанги Босния, аз ҷумла ба даст доштан дар қатли омми 8000 марду кӯдаки мусалмони Сребренитса дар соли 1995, айбдор мешавад. Қарор аст, додгоҳи Ҳейг имрӯз ба баррасии иттиҳоми Младич ба наслкушӣ(генотсид) бипардозад, вале вакили мудофеъи ӯ дар Белград Милош Салйич гуфт, Младич ба додгоҳ нахоҳад рафт, «ило агар иҷборан эҳзораш кунанд.»