Тонкҳои артиши Сурия аз Ҳамо берун шуданд

Эътирозҳои рӯзи ҷумъа дар Димишқ

Бино ба хабарҳо, тонкҳои артиши Сурия аз шаҳри Ҳамо берун кашида шудаанд. Сокинон мегӯянд, тонкҳову зиреҳпӯшҳо ба дунболи наздик шудан ба ин шаҳри ҷамъияташ 650 000 нафар ва боздошти даҳҳо тан аз сокинонаш ба самти шимол рафтаанд. Эъзоми нирӯҳо ба Ҳамо дар пайи бузургтарин эътирозҳо алайҳи режими Башшор Асад буд, ки рӯзи ҷумъа ин шаҳр шоҳидаш буд. Дар ҳамин ҳол, фаъолон ва яке аз сокинон мегӯянд, дар як минтақаи канори Димишқ , ки низ аз марокизи эътирозҳои зидди ҳукумати 40-солаи хонаводаи Асад буд, пулис рӯзи 3 июл ду эътирозгарро ба ҳалокат расондааст.