Ақибнишинии нерӯҳои давлат дар Сурия

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ҳукумати Сурия танку зиреҳпӯшҳоро аз шаҳри марказии Ҳама ақиб кашидааст. Шаҳриён мегӯянд, мошинҳои ҳарбӣ пас аз ҳабси даҳҳо сокини шаҳр онро тарк карданд. Ин иқдом дар ҳоле гирифта мешавад, ки дирӯз дар шаҳр бурузгтарин тазоҳуроти зидди раисиҷумҳур Башор Асад ба вуқӯъ пайваст. Дар ин байн яке аз гӯшаҳои Димишқ, пойтахти Сурия ба марказҳои мухолифат табдил меёбад. Дар ин ҷо полис рӯзи 3-юми июл ду нафарро ба ҳалокат расонд. Ва Швейтсария гуфтааст, 32 миллион доллари Сурияро дар бонкҳои худ мунҷамид кардааст.