Интихоботи доғу ҳассоси парлумонӣ дар Таиланд

Таиланд имрӯз интихоботи саросарии парлумонӣ дошт, ки як имтиҳони суботи ин кишвари Осиёи ҷанубушарқӣ дар пайи 6 соли танишҳои сиёсӣ арзёбӣ мешавад. Ин нахустин интихобот барои ҳукумати кунунии Таиланд баъди эътирозҳои густурдаи мухолифин дар соли гузашта аст, ки пойтахт –Бангкокро фаро гирифта, ҳудуди 90 кушта ва 2000 захмӣ ба ҷо гузошт. Ҳизби демократи сарвазир Абҳисит Веҷаҷива дар ин интихобот бо ҳизби Фею Тайи наздик ба сарвазири собиқ Таксин Шинаватра вориди набард шуд. Шинаватра дар соли 2006 тавассути кудато барканор шуда, феълан дар хориҷ ба сар мебарад. Ӯ аз ҳимояти фарогири ҷунбиши зиддидавлатии “куртасурхҳо” бархӯрдор аст.