Нархи як кӯдаки навзод - 500 доллар

Ин акс аз зоишгоҳе дар Душанбест

Дар вилояти Суғд як мавриди фурӯши ғайриқонунии кӯдакро ошкор кардаанд. Мақомоти милисаи ин вилоят ба “Азия Плюс” гуфтаанд, як сокини ҷамоати Саъдии Шерозии ноҳияи Зафаробод, ки муваққатан дар шаҳри Чкаловск ба сар мебурд, ҳанӯз рӯзи 16 октябри соли гузашта дар зоишгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров писар таваллуд карда, баъди як ҳафтаи аз бемористон рухсат шуданаш кӯдаки худро дар ивази 500 доллар ба як зани 40-сола аз ноҳияи Айнӣ фурӯхтааст. Ба гуфтаи мақомот, ин зан дар ивази пул забонхати катбӣ ҳам додааст, ки аз баҳри фарзанди худ мегузарад. Дар қиболи ӯ тибқи банди 167-уми Кодекси ҷиноӣ (фурӯши атфол) парванда боз кардаанд.