Рақибовҳо соҳиби манзили нав мешаванд

Атовуллоҳ Рақибов

Дар рустои Мискинободи ноҳияи Файзобод сохтмони манзили ҷадид барои хонаводаи Рақибовҳо шурӯъ шуд. Манзили қаблии ин хонаводаро дар рустои Заркамар мақомот ғайриқонунӣ ҳукм карда, тахриб карда буданд. Мухолифати Атовуллоҳ Рақибов ва пайвандонаш ба иҷрои ин ҳукм боис шуд, ки ӯву ҳамсар ва хоҳарашро додгоҳи Файзобод дар ду моҳи пеш ба ҳукми шартии зиндон маҳкум кунад. Атовуллоҳ Рақибов ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот ба ӯ 8 сотих замин ҷудо карда, ҳазинаи сохтмони манзили нави онҳоро раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддини Кабирӣ бар ӯҳда гирифтааст. Ҳомиёни ҳуқуқ чунин фарҷоми қазияи Рақибовҳоро аз ангуштшумор мавориди пирӯзии матбуот ва ҷомиаи шаҳрвандӣ дар роҳи дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон меноманд.