Ҳокимони суннии Баҳрайн дар пайи саркӯбии эътирозҳои таҳти раҳбарии шиъаҳо бо талаби ҳуқуқи бештар рӯзи шанбе ба музокироти оштӣ бо мухолифин шурӯъ карданд. Дар нишасте, ки дар Манома бо ширкати ҳудуди 300 вакили аҳзоби мухталиф ва гурӯҳҳои марбут ба давлат оғоз ёфт, Ал-Вифоқ – пурнуфузтарин ҳизби шиъаҳо низ ҳузур дорад. Аммо давлати Баҳрайн бо вуҷуди иқдом ба чунин музокирот аз иҷрои талаби мухолифин барои раҳоии ҳамаи маҳбусон ва лағви парвандаҳои марбут ба эътирозҳои ахир сарфи назар кард. Артиши панҷуми баҳрии Амрико дар Баҳрайн мустақар буда, Вошингтон ба муколамаи сиёсӣ дар ин ҷазиракишвари халиҷи Форс исрор меварзид.