Ба гуфтаи фаъолон ва шоҳидон, рӯзи ҷумъа садҳо ҳазор нафар ба хиёбонҳои шаҳрҳои Сурия рехтанд. Ин яке аз бузургтарин тазоҳурот алайҳи режими Башшор Асад аз замони шурӯъи ин эътирозҳо дар миёнаҳои моҳи март дониста мешавад. Ба гуфтаи фаъолон, дар даргириҳо бо нирӯҳои амниятӣ дастикам 11 нафар ҷон бохта, ҷамъи афроди кушташуда дар ҷараёни эътирозҳои Сурия болиғ аз 1400 шудааст. Режими Асад ин оморро радд карда, силоҳбадастон ва омилони хориҷиро дар ин ошӯбҳо айбдор мекунад. Танҳо дар Ҳамо ҳудуди 200 000 нафар гирди ҳам омада, эътирозҳои пуриздиҳом дар манотиқи дигар, аз ҷумла дар пойтахт – Димишқ низ доир шудааст.