Додгоҳ Канро аз ҳабси хонагӣ озод кард

Додгоҳи Ню-Йорк раиси пешини Сандуқи байнулмилали пул Доминик Стросс-Канро, ки ба таарузи ҷинсӣ айбдор мешавад, аз ҳабси хонагӣ озод кард ва асноди сафари ӯро маҳфуз дошт. Қарор аст, Кан дафъаи оянда рӯзи 18-уми июл дар додгоҳ ҳозир шавад. Бино бар бархе аз гузоришҳо додситонҳо ба фикри лағви иттиҳоми зидди ӯ низ ҳастанд, ки дар 14-уми май сабаби ҳабсаш шуда буд. Ӯро айбдор мекарданд, ки хостааст, ба номуси як пешхидмати меҳмонсарое дар Манҳеттен таҷовуз кунад. Ҳоло гуфта мешавад, ин иттиҳомот зери суоли бузург қарор доранд. Аммо вакили мудофеи зан гуфтааст, зерҳимояи ӯ ҳамоно дар талабҳои худ қотеъ аст ва мегӯяд, ҳадафи таарузи ҷинсӣ қарор гирифтааст. Моҷаро дар Ню Йорк Кани 62-соларо маҷбур кард 19-уми май аз мақоми раиси Сандуқи байнулмилалии пул истеъфо диҳад. Нозирон мегӯянд, озодии ӯ метавонад, роҳи ӯро ба ширкат дар интихоботи президентии соли ояндаи Фаронса боз кунад. Ҷузъиёти ҷолиби воқеа дар идомаи барномаи мо баррасӣ хоҳад шуд.