Лаҳистон оғози раёсати даврии худро дар Иттиҳоди Аврупо таҷлил кард. Ин раёсат аз замони пайвастани Лаҳистон ба иттиҳод дар соли 2004-ум бори аввал иттфиоқ меафтад. Дар паёме ба порлумони Лаҳистон, раисиҷумҳури ин кишвар, Бронислав Коморовски раёсати Лаҳистонро дар Иттиҳоди Аврупо “тоҷ”-и шарафмандии талошҳои кишвар аз замони фурӯпошии коммунизм дар соли 1989 номид. Сарвазири Лаҳистон Доналд Туск гуфт, таҳкими ваҳдати кишварҳои узв яке аз вазифаҳои асосии кишвараш дар садри Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд.