Сипосгузории шӯришиёни Либия аз Фаронса барои аслиҳа

Шӯришиёни Либия, ки зидди раҳбари ин кишвар Муаммар Қаззофӣ меҷанганд, аз Фаронса барои ирсоли аслиҳа сипосгузорӣ карданд. Маҳмуд Ҷибрил, ноиби раиси Шӯрои милли гузори Либия дар Бенғозӣ, гуфт, “либиёиҳое,ки ҳоло дар кӯҳҳоио нафиса ҳастанд, барои он зиндаанд ва ташаккур мекунанд, ки ҷасорат ва қаҳрамонии онҳо бо ҳикмат ва ҳимояти Фаронса пайванд ёфт.” Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Фаронса гуфт, кишвараш ба қабилаҳои барбар дар ғарби кӯҳсори Нафиса аз ҳавопаймоҳо силоҳи сабук ва муҳимот партофтааст. То ин вақт, танҳо ин иттилоъ ошкор буд, ки Қатар ба шӯришиёни Либия силоҳ меифристад.