Андерс Фог Расмуссен-Дабири кулли паймони НАТО имрӯз гуфт, ки ин паймон ба амалиёти нируҳои Фаронса барои аз ҳаво партофтани аслиҳа ба шӯришиёни Либия ҳамроҳ шудааст. Шӯришиён барои сарнагун сохтани Муаммар Қаззофӣ мубориза мекунанд. Расмуссен ин суханонро дар Вена ба хабарнигорон изҳор дошт. Вай афзуд, дар бораи кишварҳои дигаре, ки ба шӯришиён аслиҳа медиҳанд, маълумот надорад. Рӯзи чаҳоршанбе Фаронса нахустин кишвари узви НАТО эътироф кард, ки ба шӯришиён аслиҳа медиҳад. Ин аслиҳаро Фаронса аз ҳаво ба шӯришиёни қабилаи Барбарӣ партоб мекунад.