Ҳукумати Венесуэло мулоқоти раҳбарони кишварҳои минтақаро, ки барои ҳафтаи оянда дар назар гирифта шуда буд ба таъхир андохт, зеро сару садоҳо дар бораи саломатии Ҳуго Чавез-раиси ҷумҳури ин кишвар ҳамчунон дар гардиш аст. Чавез 10 июн дар Кубо ҷарроҳӣ шуд ва ҳоло марҳалаи барқаррории саломатиаш идома дорад. Дар як навори телевизионӣ нишон доданд, ки вай бо Фидел Кастро-раҳбари инқилоби Кубо бо ҳам сӯҳбат мекарданд. Қарор буд мулоқоти раҳбарони кишварҳои Амрикои Лотин ва Баҳри Кароиб 5-6 июн дар соҳили Венесуэло дар ҷазираи Маргарита баргузор шавад.