Корпартоии кормандони бахшҳои иҷтимоӣ дар Британия

Имрӯз дар Британия садҳо ҳазор нафар кормандони бахши иҷтимоӣ ба корпартоиии 24 соата мебароянд. Онҳо тақозо доранд, ки дар нафақаи барномарезишудаашон тағирот ворид шавад. Дар ислоҳоти пешниҳодшуда омадааст, ки соати кории ин кормандон бештар хоҳад шуд ва онҳо молиёти бештар пардохт хоҳанд кард, то барои нафақаашон маблағ ҷамъ шавад. Ҳукумат мегӯяд, ки тибқи ислоҳот бояд касри будҷа то ба 10 дарсад коҳиш ёбад. Имрӯз дар саросари кишвар аксари мактабҳо бастаанд ва мусофирони нақлиёти ҳавоӣ ба таъхир дучор шудаанд, зеро кормандони муассисаҳои муҳоҷират низ ба эътисоб ҳамроҳ шудаанд. Бино ба гузоришҳо, ҳудуди 750 000 нафар дар корпартоӣ ширкат мекунанд.