Юлия Тимошенко дар мурофиаи додгоҳ ҳозир шуд

Юлия Тимошенко

Имрӯз дар Украина мурофиаи додгоҳии Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини ин кишвар оғоз шуд. Хонум Тимошенко ба рӯзноманигорон гуфт:

“Мо ба додгоҳи ҳуқуки башари Аврупо шикоят бурдаем. Мо аз худ дифоъ ва дар хориҷ аз Украина ҳақиқатро ҷӯсутуҷӯ мекунем”.

Иттиҳомоти басташуда ба Тимошенко аз қарордоди соли 2009 бармеояд, ки вай бо Русия дар бораи гази табиӣ имзо карда буд. Бозрасон мегӯянд, ин қарордод бо нархи хеле баланд барои харидории газ баста шудааст. Тимошенко мегӯяд, дар ин қарордод иштибоҳе вуҷуд надорад ва иттиҳомоти ворида ангезаи сиёсӣ дорад, ки аз тарафи Виктор Янукович-раиси ҷумҳур доман зада мешавад.

.