Сипоҳи дарёии Русия мегӯяд, як мушаки пешрафтаи байниқоравиеро аз як киштии зериобии насли нав бомуваффақият озмоиш кардааст. Ба гуфтаи вазорати дифоъ, мушаки Булава аз киштие дар Баҳри Сафед партоб шудааст, ки Русияро аз Скандинавия ҷудо мекунад ва панҷуним ҳазор километрро тай карда ва ба нимҷазираи Камчатка расидааст. Мушаки Булава яке аз дастовардҳои муҳими аслиҳасозони Русия ба шумор меравад ва аз киштии зериобии “Юрий Долгорукий” партоб шудааст.