Як раҳбари аршади Толибони Погкистон кушта шудааст

Яке аз раҳбарони аршади Толибон дар шимоли ғарби Покистон дар наздикии марз бо Афғонистон кушта шуд. Мақомоти кашфи Покистон мегӯянд, Шакируллоҳ Шакир-фармондеҳи Таҳрики Толибони Покистон, ки даҳҳо нафар шӯришиёни маҳаллиро бо ҳам муттаҳид кардааст, дар наздикии посгоҳи Ишо дар Вазиристони Шимолӣ мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Ба гуфтаи як мақом, ки нахостааст номаш ифшо шавад, касе аз дохили як мошини сиёҳшиша ба сӯи Шакируллоҳ оташ кушодааст. Дар аснои оташ Шакируллоҳ савори мототсикл будааст.