Раҳмон хостори таҳияи консепсияи миллии Тоҷикистон шуд

Имрӯз дар саросари Тоҷикистон 14-умин солгарди ҷашни “Ваҳдати Миллӣ”-ро баргузор карданд. Дар остонаи ин ҷашн дар “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе ҳамоише баргузор ва дар он Эмамалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури кишвар суханронӣ кард. Вай таъкид кард, ки барои рушди кишвар як консепсияи миллӣ зарур аст:

“Дар шароити муогсир таҳкиму ташаккули чунин ғоя на даршакли як шиори таблиғотӣ, балки фақат дар шакли таҳияи як консепсия ё барномаи дақиқи дурнамои рушди миллӣ имконпазир аст”.

Ҷашни “Рӯзи Ваҳдат” аз 27-июн сарчашма мегирад, аз рӯзе, ки дар Кохи Кремли Маскав ҷонибҳои даргири Тоҷикистон бо ҳам мувофиқатномаи сулҳ имзо карданд. Баъдтар ин рӯз ҷашни “Ваҳдати Миллӣ” эълон шуд.