Эрон ва Тоҷикистон дар роҳи густариши ҳамкориҳои низомӣ

Гуфтушунид дар Теҳрон, 24-уми июни соли 2011. Акс аз торнамои раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар мулоқoте дар Теҳрон, пойтахти Эрон, президентҳои Тоҷикистон ва Эрон, Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод, хостори густариши ҳамкориҳои низомию фаннӣ шуданд. Ин омодагӣ ба дунболи баррасии вазъ дар Афғонистон ва куллан мушкилоти амниятии минтақаӣ изҳор шуда, аммо тафсилоти бештар мунташир нагаштааст. Ду раҳбар инчунин ҳолати феълии ҳамкориҳои дуҷонибаро дар риштаҳои тиҷорат, энержӣ, саноат, нақлиёту мухобирот ва илму фарҳанг баррасӣ карданд. Вазъи корҳо дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2”, ки аз тарафи Эрон дар Тоҷикистон сохта мешавад ва қарор аст, то иди Истиқлолияти миллии Тоҷикистон ба кор дарояд, яке аз мавзӯъҳои меҳварӣ буд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Теҳрон барои ширкат дар Конфронси байналмилалии мубориза бо терроризм сафар карда, ду рӯ дар ин ҷо ба сар хоҳад бурд.