Бо вуҷуди саркӯбиҳо дар Сурия тазоҳурот баргузор шуд

Тазоҳуроти эътирозӣ дар Сурия

Фаъолону шоҳидони айнӣ дар Сурия мегӯянд, рӯзи ҷумъа дар саросари ин кишвар ҳазорон нафар ба тазоҳурот баромаданд ва барканории режими Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурияро тақозо карданд. Тазоҳурот дар ҳоле баргузор шудааст, ки саркӯбии эътирозгарон аз се моҳ ба ин сӯ дар ин кишвар идома дорад. Бино ба гузоришҳои таъйиднашуда, нируҳои амниятӣ дар шаҳраки Кисва воқеъ дар ҷануби Димишқ ба сӯи тазоҳуркунандагон оташ кушодаанд. Қаблан гузориш шуда буд, ки аз марзи миёни Сурияву Туркия 1 500 нафар паноҳҷӯи Сурия гузаштаанд ва шумораи паноҳҷӯён дар урдугоҳи муваққатӣ ба бештар аз 11 700 нафар расидааст.