Имрӯз мурофиаи додгоҳии Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини Украина оғоз мешавад. Вайро барои суистифода аз мақом муттаҳам кардаанд, вале худи хонум Тимошенко мегӯяд, ки парвандаи вай ангезаи сиёсӣ дорад ва ташаббускори боз кардани ин парванда Виктор Янукович-раиси ҷумҳур аст. Ин парванда ба қарордоди миёни Украинаву Русия дар бораи газ иртибот дорад, ки соли 2009 ба имзо расида буд. Бино ба гуфтаи додситонӣ, аз ин қарордод будҷаи Украина 190 миллион доллар зарар дидааст. Барои чунин иттиҳом аз 7 то 10 соли зиндон пешбинӣ шудааст.